ШАРҲИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР “СОАТИ СИЁСӢ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 октябри соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён “СОАТИ СИЁСӢ” баргузор гардид.

Дар соатҳои сиёсӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд хонандагон иштироки фаъолона дошта, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.

Зимни баромадҳо қайд карда шуд, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар аёми барои халқу кишварамон тақдирсоз он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод. Бо шарофати заҳмату талошҳои беназири Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳое, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ба хотири  оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи кишварамон тарҳрезӣ гардида буд, амалӣ шуданд.

Инчунин дар бораи Хизматҳои беинтиҳои Сарвари давлат, ҷоннисориҳои ӯ, ташаббусҳои беназир ва ғамхориҳои беандоза дар самти мактабу маориф сухаронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, вазъияти зудтағйирёбандаи олами имрӯза, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, хизмат дар сафи Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, дӯст доштани Ватан, меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ изҳори андешарониҳо карданд.

Ҳамин тариқ, дар МТМУ №42 “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон, сарвари мактаб ва ташкилотчии тарбиявӣ баргузор гардид, ки хонандагон ба худ як ҷаҳон тарбияи маънавӣ гирифтанд.