ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Қизил Гули Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории сокинони деҳа  зиёда аз 1 километри роҳи назди ин деҳот мумфарш карда шуда истодааст.  Корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” бо истифода аз нақлиёти махсус бо сифати баланд рафта истодааст.

Ҳамзамон, бо дастгирии сокинон ва шахсони саховатпешша, низ дар  ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои таъмири роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.