РОҒУН ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар сохтмони иншооти бузурги аср бунёди неругоҳи барқии обии Роғун кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар бунёди ин неругоҳ заҳмат мекашанд. Шахсоне, ки дар ин иншоот заҳмат мекашанд, бемуҳобот, қаҳрамонони арсаи бунёдгузорӣ ба ҳисоб мераванд, зеро ин шахсиятҳо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ мехоҳанд фидокорию садоқати худро ба Пешвои миллат ва Ватани азизамон собит созанд. Бо оғози фаъолияти ин неругоҳи бузург истиқлолияти энергетикии мамлакат ва дар заминаи он рушди иқтисодиёти кишвар устувор ва амалӣ мегардад. 

Бо мақсади ҷалби сокинон ба сохтмони ин иншооти азим санаи 19- уми октябри соли ҷорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди ноҳия ва ҷойҳои серодам аксияи иттилоотӣ ва тарғиботӣ оиди даъват ба “НБО Роғун” барои кор миёни сокинони гуногуни қишри ноҳия гузаронида шуд.