САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз, 11 октябри соли 2023, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Нурализода М. ва Гулова С. аз истифодаи самараноки заминҳои корами наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ганҷина, ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захиираи 2 солаи маводи ғизоиро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.