БОЗДИД АЗ ҚИСМИ НИЗОМИИ 07017

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба будубоши хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ, Сафарзода Дилшод ва узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин аз қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боздид намуданд.

Ҳангоми боздид аз шароити хизмати афсарону сарбозон, анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва истиқоматии сарбозон аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон ба сарбозону афсарони қисми низомӣ барои сарбаландона адо намудани хизмати ҳарбӣ таманиёти нек намуданд. Барои сарбозону афсарон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастархони идона бо хӯроки гарм ороста шуд.