ВУСЪАТИ ИҚДОМҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРАК

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳияи Кӯшониён, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки “Исмоили Сомонӣ” аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳалим Раҳимов симчӯбҳои равшанидиҳанда бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ дастрас ва насб гардида истодааст.

Сокинони ноҳияи Кӯшониён бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ машғуланд. Ногуфта намонад, ки чароғонкунии роҳҳо ва насби шиору овезаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.