БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ  НАМУДАНИ ҲОСИЛИ ТИРАМОҲӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои корам, руёнидани ҳосили такрорӣ, захираи зимистон ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои оммафаҳмонӣ ва таблиғотиро дар ин самт боз ҳам пурзуртар намуда истодаанд.

Ба ҳамин мақсад гурӯҳи корӣ дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён Қурбонзода Абдуҷаббор ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ИДБЗ ва Обёрӣ Насруллоев Нуриддин аз хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён вазъи заминиҳои корам ва кишту кори тирамоҳӣ дидан нумуданд .

Баҳри самаранок истифода бурдани замин,  масъулони хоҷагӣ, алакай ба чиндани пахта оғоз намуда маводҳои ғизоиро захира намуда истодаанд.