РАФТИ ТАЪМИР ВА СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Амризода Бадахшон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо дар идомаи шиносоӣ аз омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, аз ҳолати таъмир ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №61 Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дидан намуданд. Корҳои таъмирӣ дар муассиса бо сифати баланд иҷро гардида, ҳамзамон 2 синфхонаи иловагӣ бунёд гардидааст, ки барои норасоии ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард.