ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвоз гирифтани соли хониши 2023-2024  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири ҷорӣ рафта истодааст.

Дар муассисаи таълимии №37 деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо ҷалби аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” таъмиру азнавсозӣ рафта истодааст. Ин навбат сокинони деҳаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия барои фарзандон дар муассисаи мазкур тамоми синфхонаҳо ва дар умум дару тирезаҳои муассисаро азнавсозӣ карда истодаанд.

Ҳамзамон бо мақсади бе мушкилӣ баровардани фасли тирамоҳу зимистони хонандагон тамоми роҳравҳои муассиса бетонпӯш карда шуда, хонандагон метавонанд бе мушкилӣ фасли зимистонро, ки боришоти борон зиёд мебошад, паси сар намоянд.