ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба омодагиҳо ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи С. Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор роҳи яке аз кӯчаҳои ин деҳот мумфарш гардида мешавад. Корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” бо истифода аз нақлиёти махсус бо сифати баланд рафта истодааст.

Ҳамзамон, дар  ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои таъмири роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.