ИҚДОМИ НЕКБИНОНА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил омода гардида, барои хонандагон шароитҳои заруриро фароҳам овардаанд.

Дастгирӣ ва кӯмак намудан ба ниёзмандон, ятимону бепарасторон яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Бо ташаббуси якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати дастгирии моддию маънавии ниёзмандон ва эҳтиёҷмандон бахшида ба соли нави таҳсил чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитиаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона баромад намуда, қайд намуданд, ки шумо насли ҷавони имрӯза фарзандони хуштолеъи замони муосир ҳастед, зеро бо ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар тамоми гӯшаву канори кишварамон барои таълиму тарбияи хуби шумо шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи ин иқдоми навбатӣ ба зиёда аз 40  нафар сару либоси мактабӣ ва ашёҳои хониш тӯҳфагузорӣ карда шуданд. Иқдоми мазкур то оғози Рӯзи Дониш идома ёфта ба нақша гирифта шудааст, ки ба зиёда аз 100 нафар қишри ниёзманди ҷомеа чунин кумакҳои наҷибона ба роҳ монда шавад.