ОҒОЗИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО КӮМАКИ АҲОЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и деҳаи Ортоди ҷамоати шаҳраки Бохтариён сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ мавриди таъмир қарор дорад. Албатта, бунёди синфхонаҳои иловагӣ туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад, ки барои синфҳои болоӣ ва ибтидоӣ дар назар дошта шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Ортод махсусан директор ва омӯзгорони мактаб саҳми бевоситаи худро гузошта истодаанд. Пойдевори синфхонаҳо аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи иттиллои директор баъд аз ба анҷом расидани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ камбудиҳо оид ба норасогиҳо бартараф шуда, хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки оянда дар синфхонаҳои наву барҳаво таҳсилро давом диҳанд.