ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён корҳои созандагӣ ва ободонӣ бо маром идома дорад. Бо мақсади амалисозии чунин иқдомҳои созанда дар МТМУ №54-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои хонандагон аз ҷониби колективи омӯзгорон корҳои таъмирӣ ташкил гардида, пурра аз таъмир бароварда шуд. Муассисаи мазкур барои соли хониши 2023 - 2024 пурра омодааст.