ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ БАРҚАРОРСОЗӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди фаъолият дар муассисаҳои соҳа дар ноҳияи Кӯшониён таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.

Бо ин мақсад санаи 4 –уми август раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён Қурбонзода Абдуҷаббор ба беморхонаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён, шуъбаи 3-юм ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии тамоми шуъбаҳо шинос шуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти беморхона раиси кумита ва раиси ҷамоати мазкур аз рафти муолиҷаи беморон шинос шуданд ва баҳри муолиҷаи хубу хизматрасонии босифати тиббӣ табибонро вазифадор намуданд.