ВАЗЪИ ТАЪМИРИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён мавриди таъмири куллӣ ва замонавӣ қарор дорад. Санаи 4 августи соли равон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  аз рафти таъмири бинои таваллудхона дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён дидан намуд

Шуъба дорои мутахасисони баландихтисоси соҳа буда, пас аз таъмир ба яке аз шуъбаҳои беҳтарин дар самти пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷамоати мазкур ва берун аз он хоҳад шуд. Зимни боздид ҳамшираи шафқати  беморхона ҷиҳати иқдоми нек ва дар ояндаи наздик фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ташхису табобат барои модару кӯдакони ҷамоат ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои дастгирӣ ва диққати бевосита ба соҳаи тандурустии ҷамоат ва кормандоне, ки барои ободонии шуъба саҳм гузошта истодаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳри беҳтар намудани шароиту имкониятҳои хубтари хизматрасонӣ дар шуъбаи мазкур тавсияҳои муфидро пешниҳод намуд.