ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИР ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд: “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ба муассисаи томактабии №4-и воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии муассиса, вазъу шароити ҷойи хӯрокхӯрӣ, ҷойи хоби кӯдакон ва заминҳои назди боғча дидан намуданд. Муассисаи томактабии №4 таъмири замонавӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ барои таълиму тарбия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Гирду атрофи муассисаи томактабӣ тозаву озода буда, дар қитъаи заминҳо гулҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки ин ба муассисаи мазкур зебоӣ мебахшад.