НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОҲ МЕШАВЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад, фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад, аз ин лиҳоз бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии Ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён бо мақсади хайру сахо ба як нафар маъюби гурӯҳи-1 дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Навобод аробачаи маъюбӣ ва кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Бахши Ҷавонон ва варзиши ноҳия зимни расонидани кӯмак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.