СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ҲОДИСАҲОИ НОХУШ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Сари Пул ва Сари Ҳавзи ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва раиси ташкилоти ибтидоии ИДБЗ ва Обёрӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти сокинон корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.

Номусоидии иқлими солҳои охир ба он оварда расонидааст, ки хавфу хатарҳои обхезӣ, зиёд шудани оби дарёҳо ба харобу валангор шудани биноҳои истиқоматии назди пулу дарёҳо  бештар ба назар мерасанд.

Бо ин мақсад ҷиҳати аз хавфу хатарҳои обхезӣ ва аз зарару оқибатҳои  он эмин мондани сокинон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷойҳои хавфнок амалӣ шуда истодааст. Ҳашари дастаҷамъона, ки дар он соҳили дарёро бо сангу қуму шағал, симхорҳо ва семент мустаҳкам намуда истодаанд, ҳаёти сокинонро аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ менамоянд.