ОБОДГАРОИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, корхонаву коргоҳҳо, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои "ШАНБЕГӢ", дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.

Ба ҳамин хотир санаи 15-уми июли соли ҷорӣ кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди бинои Кумита ҳашари дастаҷамъона доир намуда, дар корҳои ободониву тамизкорӣ сарҷамъона ширкати фаъолона варзиданд.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, заминҳои корам нарм карда шуда ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кормандон саҳми худро дар шукуфоии хиёбонҳои назди бинои Кумитаи ҲХДТ гузоштаанд.

Корҳои ободонӣ дар самти тозагиву бунёдгароӣ бо маром идома дошта, бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.