САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боғпарварӣ яке аз манбаҳои сердаромад дар соҳаи хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Коперативи Тиҷоратии “Беҳбудӣ” дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён воқеъ буда, аъзоёнаш ба боғпарварӣ ва хушконидани меваҳо машғул мебошанд. Деҳқонони хоҷагии мазкур дар масоҳати 27,38 га замин дарахтони мевадиҳандаи себ, зардолу, олуболу, биҳӣ себ, нок ва шафтолу шинонидаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  ин  дарахтон нашъунамои хуб доранд. Тавре, ки ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, баҳри хушк намудани олуболу, себ, лиму, зардолу, хурмо ва  биҳисебро хушконида ва ғулинг карда меваҳоро ба бозори истеъмолӣ содир намуда истодаанд.

Дар Коперативи Тиҷоратии “Беҳбудӣ” вобаста ба  дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, заминҳои зери дарахтон оқилона ва самаранок истифода бурда мешаванд.