АЁДАТИ МУҲОФИЗОНУ ФИДОИЁНИ ХАТИ ҶАНГ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, аз ҷониби вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қаҳоров Зайнулло панҷ оилаи сарбозони ноҳияи Кӯшониён, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ бо давлати Қирғизистон баҳри ҳимояи хоқи ватан ҷон бохтаанд ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон аёдат карда шуданд.

Ҳама он афсарону сарбозони тоҷике, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтанд қаҳрамонони зиндаёди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд ва зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ин амали ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонони далеру шӯрои ватандӯст гардида, баҳри насли ҷавон ва ояндагон дарси шуҷоату мардонагӣ боқи хоҳад монд.

Рӯҳашон шоду хонаи охираташон ободу мунаввар бодо!