ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати-миллӣ, дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Вализода Икромиддин Сироҷидин дар деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории сокини ин деҳот Исоев Сабуршо 600 метр роҳи яке аз кӯчаҳои ин деҳот мумфарш гардида мешавад. Корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” бо истифода аз нақлиёти махсус бо сифати баланд рафта истодааст.

Ҳамзамон, бо дастгирии чунин шахсони саховатпеша низ дар  ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои таъмири роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.