АЁДАТИ ОИЛАИ АВВАЛИН МУҲОФИЗИ ФИДОИИ ХАТИ ҶАНГ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён:Ташаббусҳои ҳизбӣ. Санаи 22.06.2023 ба муносибати Иди Қурбон ва таҷлили рӯзи Ваҳдати Миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ, раисони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оилаи сарбози шаҳидгашта дар ҳимояи марзу буми кишвар Маҳмадов Маҳмадҷон Толибович аз деҳаи Заводи хишти ҷамоати деҳоти Заргар аёдат намуданд.  

Ҳама он афсарону сарбозони тоҷике, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтанд қаҳрамонони зиндаёди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд. Ин амали ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонони далеру шӯрои ватандӯст гардида, баҳри насли ҷавон ва ояндагон дарси шуҷоату мардонагӣ боқи хоҳад монд.

Рӯҳашон шоду хонаи охираташон ободу мунаввар бодо!

 

Маълумотномаи Шаҳид

 Кумитаи иҷроияи ноҳияи Кӯшониён ба наздикону пайвандони марҳум аз номи кормандон, аъзоён ва чонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ баён менамояд.

Маҳмадов Маҳмадҷон Толибович

Соли таваллуд: 14.07.2000с.

Ҷои таваллуд: деҳаи Заводи Хишти Ҷамоати деҳоти Заргар, ноҳияи Кӯшониён.

Маълумот: Олӣ, хатмкардаи Донишкадаи олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ (2018-2022)

Маълумоти миёнаи умумиро дар Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён гирифтааст. (2007-2018)

Дар оилаи 9 нафара зиндагӣ мекунад.

Вазъи оилавӣ: Муҷаррад

Падар:Маҳмадов Толиб Отахонович(19.06.1968) тел: 93 885 64 00

Модар:Маҳмудова Сайлигул Буриевна (09.05.1968)

Марҳум дар муноқишаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баҳри ҳимояи марзу буми Ватан 16.09.2022 фавтидааст.

Вазъи ичтимоӣ: миёна