ҶАВОНОН БО ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 22.06.2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Конференсияи бахшида ба 26­­­-солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати Миллӣ ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистони Соҳибистиқлол” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти Заргар доир карда шуд.

Дар анҷоми Конференсия раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ ба як қатор ҷавонони фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ, ки яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад тақдим карда шуд.

 Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.