МОДАРОНУ КУДАКОН ЗЕРИ ҒАМХОРӢ  ҚАРОР ДОРАНД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Кӯшониён:Ташаббусҳои ҳизбӣ. Дар беморхонаи Марказии ноҳия бо ибтикори Ташкилоти ибтидоии “Оила” ба 10 нафар модарони кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим карда шуд.

         Ин иқдом идомаи чорабиниҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кӯшониён буда, бо иштироки раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ, раиси Ташкилои ибтидоии ҳизбии “Оила” Иброҳимзода Мубина инчунин, роҳбарон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифт.

         Бояд қайд намуд,ки занону модарон, ҷавонон ва насли наврас ҳамеша таҳти дастгирӣ ва ғамхории роҳбарият қарор доранд.