САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён. Аъзоёну ҷонибдорони ҳизб бо мақсади ободу зебо гардонидани деҳаҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, бехи гулу гулбутаҳо нарм, дарахтон ба шакл дароварда шуда ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб саҳми беандозаи худро пайваста дар ободу зебо намудани маҳали худ мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҳашари дастаҷамъона ба муносибати таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии ҲХДТ, ки ба ин муносибат “30 ҳафтаи пурсамар” эълон гардидааст баргузор гардида, корҳои ободонӣ дар самти амалҳои тозагиву бунёдкорона бо маром идома дорад. Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳалли худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.