КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАОРИФЧИЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кӯшониён: Дар идомаи сафари кории хеш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия аз сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №61-и деҳаи Ортоди Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, ки бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ва сокинони деҳаи болозикр азм доранд, ки ҳарчи зудтар синфхонаҳои иловагиро аз таъмири капиталӣ бароварда, ба истифода диҳанд.

Бунёди синфхонаи иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додан метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.

Ҳамзамон, ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса дар соли нави таҳсил мебошад.