ОБОДИИ ВАТАН ИН ОБОДИИ ХОНАДОНИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кӯшониён: Ҷиҳати дар амал татбиқ гардонидани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таъмир ва рангу бори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ ноҳияи Кӯшониён саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бояд ёдоваршуд, ки шароити хуби таҳсил ва таъмиру бозсозии мактабу боғчаҳо ин замина барои ояндаи неки фарзандони ҳар яки мост. Дар ин росто бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, ки худро соҳибватан мешуморад бояд дар рушду нумуи ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзандаи хешро гузорад. Зеро ободии Ватан ин ободии хонадони ҳар яки мост, иброз доштанд, зимни суханронӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.