БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ БУНГОҲИ ТИББӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён аз як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, алалхусус бунгоҳи тиббӣ дидан намуданд.

Корҳои созандагию бунёдкори дар бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардида истода, саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ назаррас мебошад.

    Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим барои ташкили кор ва сохтмони бунгохи тиббӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба мардум ва масъулин супоришҳои мушаххас доданд.