ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои Кумита ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, бехи гулу гулбутаҳо нарм, дарахтон ба шакл дароварда шуда ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки кормандон саҳми худро дар ободу зебо намудани замини  назди бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузоштаанд.

Ҳашари дастаҷамъона ба муносибати сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, корҳои ободонӣ дар самти амалҳои тозагиву бунёдкорона бо маром идома дорад. Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳалли худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.