ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Кӯшониён аз тарафи узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Вализода Икромиддин Сироҷидин дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ бо маром рафта истодааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардида истодаанд. Дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён низ беш аз 5 км роҳ аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия” бо истифода аз нақлиёти махсус таъмири ҷорӣ карда шуд.

Ҳамзамон, бо дастгирии чунин шахсони саховатпеша низ дар 3 ҷамоати ноҳия корҳои таъмири роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён, боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.