НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ БАЙНАМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ифтихори эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Заргар намоиши ҳунарҳои мардумӣ  баргузор карда шуд. 

Дар намоиш, ҷиҳати таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон маҳсули дастони занону бонувони ҳунарманд, аз қабили қуроқдӯзӣ, порчадӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифтанд.

Зимни боздид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона қайд карданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар ин замина тӯли асрҳои зиёд аст, ки садҳо навъи ҳунару ҳунармандӣ ҷиҳати эҷод роҳ кушода истодааст. Ва занону ҷавондухтарони замони истиқлол низ ба ин васила соҳиби касбҳои гуногун шуда, дар ин гуна намоишҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузошта  истодаанд.