ҲХДТ – ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ДАР ПАҲЛӮИ МАРДУМ АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12 - уми майи соли 2023 дар минтақаи хавфноки деҳаи Сарипули Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, кормандони соҳаҳои гуногун аз ҷумла, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳашари соҳилмустаҳкамкунӣ баромаданд.

Имрӯз ҳар як нафар сокинони бо нангу номуси ноҳияро мебояд, ки иқдомҳои ободкории Пешвои миллатро сармашқи ҳаррӯзаи худ қарор дода, диёри худро обод созанд. Аз ин рӯ ҳар яки моро месад, ки дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, ноҳияи худро боз ҳам ободу зебо созем.

Маврид ба зикр аст, ки аз воқеиятҳои ба вуқуъ омадаи чандсолаи охир мушоҳида ва таҳлил мегардад, ҳамасола дар мавсими фаслҳои баҳору тобистон дар мавзеъҳои маҷрои обӣ ва умуман дар мавзеъҳои осебпазир селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу купрукҳо ва дигар инфрасохторҳои мавҷуда ҳисоротҳои ҷиддӣ мерасонад.

Аз ин рӯ бо мақсади пешгирӣ намудани маҷрои оби дарё, ки дар асари баланд шудан мумкин аст хатари зиёдеро ба бор орад, бештари сокинони ноҳия ба ҳашари умумӣ ҷалб карда шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми зиёд шудани сатҳи оби дарё хавфи ба вуҷуд омадани сел ва аз байн бурдани хонаҳои истиқоматие, ки дар гирду атрофи дарё мавҷуданд ва хатари шусташавии заминҳои онҳоро ба миён меорад.

Дар ин замина иштирокдорони ҳашар бо истифода аз масолеҳҳои сохтмонии оҳану бетон, шағал ва барои симтурбандӣ намудан сангҳои калонро ба воситаи нақлиётҳои боркаш кашонида маҷрои оби дарёро бо сангу шағал дар деҳаи Сарипул банд намуда, корҳои симтурхобониро низ ба анҷом расониданд.