ОИЛА МАКОНИ МУҚАДДАС

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11 майи соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, барои солҳои 2014-2023", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи нокомили наврасон, инчунин риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «СЭС» дар доираи занону духтарон мизи мудаввар дар мавзуи “Оила макони муқаддас аст”, баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ - муайян намудани омилҳои асосии сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад занону духтарони ташкилоти ибтидоии мазкур низ даъват гардида буданд.

Дар навбати худ Нурализода Малика-мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт, ки ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардидааст.

Сипас миёни иштирокдорон саволу ҷавоби пурмуҳтаво сурат гирифт ва ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудавввар посухҳои қаноатбахш дода шуд. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар Нурализода Малика бори дигар аз занону духтарон дар ташаккули маърифати оиладорӣ изҳори андеша карда, дар асоси баромади маърузакунандагон тавсияҳои муфидеро пешниҳод намуд.