САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ҲАР ПОРЧА ЗАМИН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи самараноки ҳар порча замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин чораҳои зарурӣ андешем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади минбаъд низ афзоиш додани маҳсулоти кишоварзии ғалладонаи киштшуда, онро дар замини хоҷагии ёрирасони Кумита бори дигар аз назар гузаронида, тариқи ҳашар онро аз алафҳои зараровар тоза намуда, барои афзоиш ва нашъунамои минбаъдаи зироати киштшуда маводҳои дуроворӣ пошиданд.