ҒАМХОРӢ БА ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайравӣ ба ин амалҳои нек ба муносибати иди саиди фитр аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андозчиён” бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид  маводҳои ғизоии яквақтаина ба як нафар оилаи ниёзманди ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ кумак намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки аз ин амали неку хайрхоҳона ин қишри ҷомеа хушҳол гардида, дар ҷавоб барои чунин ғамхориҳои беназир, минтадории самимонаи худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.