КУМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби як нафар шахси хайрхоҳу саховатманд, аъзои фаъоли ҳизб Абдухолиқов Фурқат сокини деҳаи С. Айнии ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, бо ишитроки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо аз ҷумла иди саиди фитр ба ин қишри аҳолӣ ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва ғамхорӣ дароз намуда, ба 100 нафар таълимгирандагони муассисаи таълимии №5-и ин деҳа либосҳои идона ва туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.