ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба нафарону оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин мақсад дар арафаи иди саиди фитр ба ин оилаҳо кӯмакҳои  хайриявӣ  расонида шуда истодааст.

Ин навбат дар таърихи 15-уми апрели соли равон аз ҷониби шахси хайрхоҳу саховатпеша, Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Фақиров Анвар бо мақсади дастгири намудани ин оилаҳо кумакҳои молӣ бо маблағи 30.000 сомонӣ расонида шуд. Аз ҷумла ба чанд нафар оилаҳои ниёзманду маъюби ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён Хоҷаева Майрам, Валиева Фарзона, Ҳалимҷонова Хосият кумакҳои молӣ расониданд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.