САФИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                                

Кӯшониён: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Натиҷаи таъсис ва фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навинро нишон медиҳад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд. Яке аз самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мустаҳкам ва зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизбӣ аз ҳисоби ҷавонони донишманд, хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ба ҳисоб меравад.

Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст, ки сафи аъзоёну ҷонибдорони ҳизбиро бештару бештар намояд. Санаи 14 апрели соли ҷорӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Асроров Саидшо як чанд нафар омӯзгорони ҷавон ва пешқадами ташкилоти ибтидоии ҳизбии “М.Президентӣ”-ро ба сафи аъзоги қабул намуда, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.

Воқеан ҳам аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян намуда, аз он гувоҳи медиҳад, ки нафаре агар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардад, Оиннома, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, вазифадор аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси муаззами он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намояд.