ТАШАББУСКОРИҲОИ ОБОДГАРОИВУ СОЗАНДАГИИ ВОЛОНТИЁРОНИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, корхонаву коргоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст.

Ба ҳамин хотир санаи 10 апрели соли 2023 волонтиёрони ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳашари дастаҷамъона доир намуда, дар корҳои ободониву тамизкории бинои маркази саломатии ҷамоати шаҳраки Бохтариён, сарҷамъона ширкати фаъолона варзиданд.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи маркази саломатӣ буда, дар рафти корҳои ободонӣ, гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, заминҳои корам нарм карда шуда ва партовҳо бароварда шуданд.

Ин аз он дарак медиҳад, ки волонтиёрони ҳизбӣ низ саҳми бевоситаи худро дар шукуфоиву зебогардонии хиёбонҳои назди бино, муассисаҳову корхонаҳои ноҳия бе чунучаро ва софдилона мегузоранд.