ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифодабарии замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навбаҳор»-и ҷамоати деҳоти «Навбаҳор» дар н. Кӯшониён, аз тамоми имконотҳо васеъ истифода бурда, заминро оқилона ва самаранок истифода намуда истодаанд.

Асоси фаъолияти хоҷагиро агар картошкапарварӣ ташкил диҳад ҳам, масъулони ташкилоти ибтидоӣ саъю талош мекунанд, ки кишту парвариш ва рӯёнидани дигар зироату сабзавотро низ дар қитъаҳои холимонда ба роҳ монанду сабади истеъмолии худро ғанӣ гардонанд.

Зимни мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз нашъунамои хуби кишти картошка дидан намуданд, маълум шуд, ки хоҷагидорон кишту нашъунамои картошкаро хуб ба роҳ мондаанд.

Айни замон, хоҷагидорон барои безараргардонӣ аз кирму ҳашароти зараровар корҳои агротехникӣ ва дорупошӣ карда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки захираи амбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ҳамин заминҳо пур гардида, хоҷагидорон дар оянда ният доранд, ки ҳосили бештар ба даст оварда, хонаводаи худ ва бозори истеъмолиро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намоянд.

Масъулини хоҷагии мазкур иброз намуд, ки зироати картошка нони дуюм ба шумор рафта, талаботи он дар кишвари мо ва берун аз хориҷ хело зиёд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аграрист дар парвариши тамоми зироатҳо имкониятҳои васеъ дорад. Аз он ҷумла иқлими мусоид, обу хок ва табиати Тоҷикистони азизи мо яке аз неъматҳои бебаҳо буда, ҳар як инсони соҳибмаърифатро водор месозад, ки барои рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошад.