ОБОДИВУ ЗЕБОИГАРДОНӢ МАҚСАДУ МАРОМИ ҲИЗБИЁН АСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, ҳамчунин  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои давлатӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ маъракаи гулшинонӣ доир гардид.

Бо ҳамин мақсад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баҳри тозаву озода ва назаррабо гардонидани гирду атроф, саҳни биноро бо гулҳои рангоранги баҳорӣ оро доданд, ки ин иқдоми нек ба симои бинои Кумита таровату накҳати бештаре мебахшад.

Боиси қайд аст, ки сол аз сол таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба парвариши гулҳои ороишӣ зиёд шуда истодааст, онҳо тасмим гирифтаанд, ки тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва маркази ҳудуди ноҳия, мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатиро бо гулҳои рангоранги баҳорӣ оро диҳанд.