АЁДАТИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БОСТОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастури супоришҳо ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба расонидани кумаку дастгирии аҳолии камбизоат аз ҷумла шахсони ниёзманд ва ятимону бепарасторон дар арафаи иду ҷашнҳо, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оилаи Абдуллоева Раъно бо кумакҳои ғизоии яквақтаина аёдат карда шуд.

Зимни аёдат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҳакимзода Миҷгона, муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз ва мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ноҳияи Кӯшониён Амонзода Муслима иштирок доштанд. Тазаккур бояд дод, ки Ҳакимзода Миҷгона зимни суҳбат бо ин оила дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишварро дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Инчунин онҳоро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори нек, умри бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва соҳибкорони маҳалӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоатро ҳамеша дастгирӣ менамояд.