ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯшониён ташкили корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намуда, сокинони ватандӯст ва кормандони ташкилоту корхонаҳо барои тозаву озода намудани маҳалли зист, майдону хиёбонҳо, коргоҳҳо аз як гиребон сар бароварда, як соату дақиқаи рӯзҳои офтобиро ғанимат дониста ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона роҳандозӣ гардида, кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” низ дар муассисаи таълимии №4-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Ин амали некбинона бо ташаббусу дастгирии кумитаи падару модарон вусъат ёфта, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаи мазкур ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз оғоз бахшида, дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 50 тан дарахти арча шинонида шуд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар назди биноҳои ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст