ТАШАББУСҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади гиромидошти зан-модар, ки азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст ва аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад, роҳбарияти муассисаи таълимии 26-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар ноҳияи Кушониён ба хотири Рӯзи Модар як қатор занону модарони рӯзгордида, собиқадорони меҳнат, маъюбу беморро аёдат намуда, дили онҳоро бо туҳфаҳои хотирмон шод намуд.

Тазаккур бояд дод, ки ин модарони рӯзгордида, ки дар баробари тарбияи фарзандон, инчунин солиёни зиёд баҳри пешравии ин сарзамин меҳнати пурсамар кардаанд ва яке аз занони собиқадори меҳнат ба шумор мераванд.

Зимни вохӯрӣ роҳбарияти муассисаи мазкур иброз намуд, ки модарони азиз Шумо барои сарзамини аҷдодии мо хизматҳои арзанда кардаед ва пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред ва хоҳед дошт”. Инчунин онҳоро бо ҷашни Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори нек, умри бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.