АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ!”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 марти соли 2023 дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз интиқоли ҳар гуна бемориҳои  сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён миёни сокинони ноҳия ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зидди эпидемикӣ барои пешгири намудан корҳои таблиғотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ, дар панҷшанбе бозори деҳаи Байнали ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксия таҳти унвони “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст” роҳандозӣ карда шуд.

Дар ҷараёни аксия ба сокинон 200 адад ниқобҳои яккарата ва 100 адад маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақсим карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки ниқоб ва маводҳои маълумотӣ дар бинои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ бо теъдоди лозимӣ омода гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо ба сокинони ноҳия тақсим карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус COVID-19 миёни сокинону шаҳрвандони ҳудуди ноҳия аксияву вохӯриҳо баргузор гардида истодааст, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ замина мегузорад.