ҲХДТ – ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ДАР ПАҲЛӮИ МАРДУМ АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 феврали соли равон дар минтақаи хавфноки деҳаи Сарипули Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳашари соҳилмустаҳкамкунӣ баромаданд.

Бо мақсади пешгири намудани маҷрои оби дарё, ки дар асари баланд шудан мумкин аст хатари зиёдеро ба бор орад, бештари сокинони ноҳия ба ҳашари умумӣ ҷалб карда шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми зиёд шудани сатҳи оби дарё хавфи ба вуҷуд омадани сел ва аз байн бурдани хонаҳои истиқоматие, ки дар гирду атрофи дарё мавҷуданд ва хатари шусташавии заминҳои онҳоро ба миён меорад.

Дар ин замина иштирокдорони ҳашар барои симтурбандӣ намудан сангҳои калонро ба воситаи нақлиёти боркашон кашонида, маҷрои оби дарёро бо сангу шағал дар деҳаи мазкур банд намуда, корҳои симтурхобониро низ ба анҷом расониданд.