САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 феврали соли ҷорӣ вобаста ба мусоид омадани бодуҳаво дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи Ватани азизамон бо иштироки кормандони муассисаҳову ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ аз ҷумла шинонидани дарахтони ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан баргузор гардида истодааст.

Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ тариқи ҳашар роҳандозӣ карда шуда, кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёну ҷонибдорон ва кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сокинони маҳал дар деҳаи Сарипули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён саҳми бевоситаи худро гузоштанд.

Ин амали некбинона бо ташаббусу дастгирии сокинони маҳал вусъат ёфта, кормандони касбу кори гуногун ба шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан оғоз бахшида, дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 100 тан дарахти тут ва зардолу шинонида шуд.