ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН БАРОИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як шахси солимфикр, бахусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи ҷавонмардию шаҳрвандии хеш дониста, баҳри дифои марзу буми Ватан ҷон фидоиҳо мекарданд. Нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад.

Вобаста ба ин масъала имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Қаҳорзода Нурмаҳмад ва комиссари комиссарияти ҳарбии ноҳия Куганов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Асроров С дар толори Колеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар бо хатмкунандагон ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оғоз бахшида, қайд намуданд, ки “Ҷоиз ба зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат мераванд. Дар қиёс нисбати солҳои пешин шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он нисбати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ изҳори сипос менамоянд.”

Сипас, Қаҳорзода Нурмаҳмад ва комиссари комиссарияти ҳарбии ноҳия Куганов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Асроров С. дар ноҳияи Кӯшониён суханронӣ намуда аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, то ки омада дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда қарзи Модар-Ватанро адо намоянд ва қайд намуданд, ки имрӯзҳо барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хело зиёд ба роҳ монда шудааст.

Дар қисмати охир донишҷӯён ибрози андеша намуданд ва аксари онҳо розигӣ доданд, то ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шаванд.