БАРГУЗОРИИ АКСИЯ ЗЕРИ УНВОНИ “НИҚОБ ПӮШ!”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.01.2023 дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз интиқоли ҳар гуна бемориҳои  сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён миёни сокинони ноҳия ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зидди эпидемикӣ барои пешгири намудан корҳои таблиғотӣ фаҳмондадиҳӣ ва ниқобҳои тиббӣ дар роҳравҳо ва панҷшанбебозори деҳаи Байнали Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксияи “Ниқоб пӯш” роҳандози карда шуд. 

Дар ҷараёни аксия ба сокинон 150 адад ниқобҳои яккарата оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки ниқоб ва маводҳои маълумотӣ дар бинои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ бо теъдоди лозимӣ омода гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо ба сокинони ноҳия тақсим карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус миёни сокинону шаҳрвандони ҳудуди ноҳия аксияву вохӯриҳо баргузор гардида истодааст, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ замина мегузорад.